Бахшҳо

Сагҳои АНМН ҳудуди 2 тонна нашъаро кашф кардаанд

Дар Маркази таълимии кинологии Агентии назорати маводи нашъаовар 12 саг, ки барои пайдо намудани маводи мухаддир сару кор доранд, нигоҳубин мешаванд.

Руслан Қодирқулов, сардори Маркази таълимии кинологӣ дар сӯҳбат ба Озодагон афзуд, ки қаблан як сагро ба маблағи 1000 евро харидорӣ намуда, барои таълим ба Алмаато ва Тошканд фиристода мешуданд, ки онҳо муддати 3-4 моҳ омӯзишу нигоҳубин карда мешуданд. Барои ҳар як саг дар ин кишварҳо то 6-7 ҳазор евро сарф карда мешуд:

“Мо тасмим дорем, ки то охири моҳи ноябр боз 2 саги хурди дигар харидорӣ намоем ва онҳоро худамон таълим бидиҳем ”.

Айни замон, маркази мазкур  7 корманд дорад, ки барои такмили ихтисос ба Русия, Алмаато ва Тошканд сафар намудаанд. Тайи 10 соли фаъолият, сагҳои Агентӣ 1 тоннаю 974 килограмму 996 грамм маводи муҳаддирро кашф намуданд, ки аз инҳо 576 килограмму 428 граммаш ҳероин, 794 килограмму 0,98 грамм афюн ва 604 килограмму 442 грамм канабис мебошад. Бояд гуфт, дар Тоҷикистон 1 июни соли 2012 Маркази таълимии кинологӣ ба истифода дода шуд.

Маркази омӯзишии кинологӣ барои тайёр намудани кинологҳо, омӯзиш ва омодасозии сагҳои хидматӣ барои кашфи маводи мухаддир ба самаранокии фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии ҳам Агентии назорати маводи нашъаовар ва ҳам дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои идораҳои ҳамсони ҶИА ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар оянда мусоидат хоҳад кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)