Ветнам омодааст, ки барои Тоҷикистон мутахассисони ҳирфаӣ тайёр кунад.
Тавре ба “Озодагон” аз вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар доданд,агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, аҳолӣ ва муҳоҷирати ин вазоратхона ба тариқи озмун довталабонро барои таҳсил ба шаҳри Ханой мефиристад. Ғолибон дар Маркази таълимии технологияи ортопедии шаҳри Ветнам аз рўи ихтисосҳои протезгар ва ортопед таълим хоҳанд гирифт. Гуфта мешавад, донистани забони англисӣ ва фанҳои биология, математика ва физика аз шартҳои аслии озмун аст. Мӯҳлати таҳсил 3 сол буда, пардохти хароҷот аз ҳисоби фонди махсуси маъюбони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх сурат мегирад. Дар озмун ҷавонони синни 18-35 сола иштирок карда метавонанд.
{jathumbnail off}
Мӯҳр