Шаҳри таърихии Билқис дар шаҳристони Исфароини Эрон барои сабти ҷаҳонӣ омода мешавад.
Шаҳри Билқис яке аз ҷозибаҳои таърихӣ ва дидании Эрон маҳсуб мешавад. Ба навиштаи "Форс", дар ҳоли ҳозир парвандаи комили ин шаҳр ҷиҳати ба сабт расидан омода шудааст ва ин ҳадаф ба манзури боло рафтани ҷойгоҳи фарҳангии Эрон дар ҷаҳон нисбат ба пажуҳиш ва муаррифии ин асари арзишманд ва қарор гирифтани он дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ ба амал меояд.
Гуфтанист, куҳандижи Билқис 150 гектар вусъат дорад, ки масоҳат худи қалъа 5 гектар мебошад. Ин шаҳр бар асоси услуби меъмории сосонӣ сохта шудааст ва 29 бурҷ ба баландии 11 метр дорад.
Мӯҳр