Марк Михаласки, мутахассиси захираҳои минералӣ ва Роберт Такер, коршиноси геохимияи изотонҳо, Карин Рено, мутахассиси омӯзиши дистансионӣ бо геологҳои тоҷик вохӯрданд.
Тавре аз саридораи геологияи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, дар нишаст ҷаноби Тибсон, мушовир оид ба масъалаҳои иқтисодии Сафорати ИМА дар Душанбе иштирок дошт. Тарафҳо масоили ҳамкории дутарафаро дар соҳаи омӯзиши унсурҳои камзамин ва ташкили базаи маълумоти ягона доир ба ин унсурҳоро муҳокима намуданд.
Тавре ки Марк Михаласки қайд намуд, лоиҳа аз ду марҳила иборат хоҳад буд. Дар марҳилаи аввал, ки барои 1 сол пешбинӣ шудааст, омӯзишу баҳодиҳии конҳои мавҷуда гузаронида мешавад. Лоиҳа ҳамчунин баландбардории савияи тахассусии мутахассиссони маҳаллиро дар соҳаи омӯзиши унсурҳои камзамин пешбинӣ менамояд.
Мӯҳр