Имрӯз дар шаҳри Остона саммити роҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба ифтихори 10- солагии таъсисёбии он ба кори худ шурӯъ кард.
Одинашо Муродов, масъули бахши матбуотии «Амонатбонк» ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар баробари дигар роҳбарони баландпояи кишвар, гурӯҳи кории бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» бо роҳбарии раиси он Гулнора Ҳасанова ҷиҳати ширкат дар саммит ба пойтахти Қазоқистон сафар кард.
Маврид ба ёдоварист, «Амонатбонк» ҳамчун намояндаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ чанд сол боз фаъолият дорад. То соли 2008 намояндагии Тоҷикистонро дар созмони мазкур Бонки Милли Тоҷикистон ба ӯҳда дошт ва баъди саммити соли 2008 дар Душанбе ин масъулият ба зиммаи «Амонатбонк» вогузор гардид.
Иттиҳодия байнибонкии СҲШ бо мақсади ҳамкориҳои молиявӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ ва инкишофи муносибатҳои байнибонкии мамолики аъзо фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, «Амонатбонк» дар доираи ин ҳамкориҳо ва ҷалби бештари сармояҳои хориҷиву баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон тарҳҳои зиёдро амалӣ кардааст. Тайи чор соли намояндагӣ «Амонатбонк» аз Бонки давлатии рушди Хитой ба миқдори 15 млн. доллари ИМА маблағҳоро ҷиҳати пешниҳоди қарзҳо гирифтааст. Ҳамчунин, соли гузашта созишнома оид ба пешниҳоди 33 млн. юани хитоӣ байни «Амонатбонк» ва БДРХ ба имзо расонида шуд, ки маблағи мазкур барои рушди муносибатҳои тиҷоратии соҳибкорони ватанӣ масраф мешавад. Дар робита ба ин «Амонатбонк» бори нахуст дар системаи бонкдории кишвар хати қарзиро бо юани хитоӣ ҷорӣ намуд.
{jathumbnail off}
Мӯҳр