Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши орди истеҳсоли Қазоқистон мушоҳида мешавад.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, иттилоъ доданд, дар қиёс бо нархҳои 20-уми октябри соли гузашта, арзиши як халта орд 35 дар сад боло рафтааст: «Моҳи октябри соли гузашта як халта орд 126 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло 175 сомонӣ савдо мешавад».
Манбаъ афзуд, ҳоло дар дуконҳои ордфурӯшии бозорҳои «Деҳқон»-у «Шоҳмансур»-у «Саховат» ва «Варзоб» як халта орди истеҳсоли Қазоқистон 175 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст. Аммо харидорон мегӯянд, арзиши он аз 180 то 185 сомонӣ аст.
Мӯҳр