Соҳибкорони ноҳияи Темурмалик, ки берун аз қаламрави ноҳия ба кору фаолият машғуланд, ахиран барои ободии маҳалашон ба ҳам омаданд.
Ҳоҷӣ Эмомалӣ, сардори корхонаи кабелбарории шаҳри Душанбе ба Озодагон гуфт, «солҳои пеш раисони ноҳия аз соҳибкорони ин сарзамин, ки дар дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва берун аз он фаъолият доштанд, дархости кӯмак намекарданд. Шахсан ёд надорам, ки кадоме аз масъулини ноҳия барои ободии ноҳия бо ягон соҳибкор ба тавофуқ расида бошад. Гузашта аз ин, баъзе соҳибкорон мехостанд барои ободонии диёрашон корҳоеро анҷом диҳанд, аммо бо собиқ раиси ноҳия Малика Шукурова забон намеёфтанд».
Баъди раиси ноҳия таъин шудани Мирзохон Сангов кор ранги дигар гирифт. Раиси нав бо соҳибкорон дар иртибот шуд ва эшонро барои ҳалли мушкили сокинон ва бунёди иншооти гуногун даъват кард. Бо гузашти як фурсати кӯтоҳ соҳибкорони маҳаллӣ садо рӯшан карданд. Мушкили як қисмати маркази ноҳия, ки аз оби нушокӣ танқисӣ мекашид, бартараф гардид. Дар боғи марказӣ, бо ташаббусу маблағгузории ҳоҷӣ Эмомалӣ як бинои нави замонавӣ барои маҷлис ва вохӯриҳо бунёд шуд.
Бино ба иттилои раиси ноҳия, як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ, ки дар Хуҷанду Душанбе фаъолият доштанд, бо дархости ҳукумати маҳаллӣ ба бунёди иншооти нав ва таъмиру барқарорсозии иншооти кӯҳна иқдом кардаанд. Дар ҳоли ҳозир, дар осоишгоҳи марказӣ аз ҷониби эшон таъмири асосӣ ба анҷом расида, 5 шӯъбаи беморхонаи марказӣ аз сари нав таъмиру барқарор мешавад. Инчунин дар нақша аст, ки соҳибкорон дар таъмири роҳи нақлиётгард, кашондани оби нӯшокӣ барои якчанд рустои беоб, таъмир ва таъмин намудан бо ашёи хониш барои мактабҳои таҳсилотӣ дар маркази ноҳия кӯмак расонанд.
Ҳоҷӣ Эмомалӣ бо намояндагӣ аз соҳибкорон мегӯяд, дар оянда низ кӯмаки эшон баҳри рушду зебоии ноҳия зиёдтар мегардад. Ба қавли ӯ, бо ташаббуси ҳукумати маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорон, дар кӯтоҳтарин муддат Темурмалик ободу дилкаштар мешавад, зеро аллакай маълум аст, ки фаъолияти ҳар ду ҷониб густарда мегардад ва гузашта аз ин, ҳукумат бо сокинон низ наздик шудан дорад.
Воқеан, сафари кории мо ба рӯзи шанбе рост омад, ки бо амри махсуси президент рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раисони навоҳӣ аст. Субҳ раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо масъулини ҳукумат бо сокинон вохурӣ мегузаронид. Баъди соате ба ноҳияи Балҷувон расидем. Дар ҳукумати ноҳия ягон масъул набуд. Танҳо сармутахассиси шӯъбаи ташкилӣ гӯё навбатдор буду дигар сар аз раиси ноҳия то боқӣ масъулин ба истилоҳ, «истироҳат» доштанд. Дар куҷо будани раиси ноҳия Фотеҳ Аминовро касе намедонист, аниқтараш касе набуд, ки пурсон шавем. Ягон нафар аз сокинон низ ба назар намерасид. Гумони ғолиб, дар ин ноҳия аз рӯзи қабули раис бо сокинон на раиси ноҳия хабар дораду на сокинони он.
Аслиддин Достиев
Мӯҳр