Беш аз 130 сар чорвои калони шохдор ва моли майда зери сел монда, заминҳои зиёди кишт дар ноҳияи Ғончӣ тахриб шудаанд.
Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ иттилоъ доданд, бар асари боришоти шадиди рӯзи 12-уми июн дар ноҳияи мазкур, дар ҷамоати деҳоти Калининобод, Овчӣ ва Ғалаёнии Боло 24 адад биноҳои ёрирасони хоҷагиҳо валангор шуда, 35- гектар заминҳои кишоварзии киштшуда зери селоба монданд.
Дар рустои Қалъаи Дур 46 сар чорвои калони шохдор, ҳамчунин аз деҳаи Янғироқи Боло 70 сар чорвои дигар ба коми сел фурӯ рафтааст.
Гуфта мешавад,роҳҳои маҳаллӣ низ ба масофаи тӯлонӣ вайрону валангор гардидаанд.
Феълан, дар ҷойи ҳодиса камиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ғончӣ амал карда истодааст.
Мӯҳр