Бо гузашти як ҳафта аз ҷароҳат бардоштани Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-си дар Тоҷикистон вазъи саломатии ӯ ҳанӯз ҳам беҳтар нашуда аст.
Дар ин бора Мардони Муҳаммад, яке аз ҳамкорони Искандари Фирӯз ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод. Мардони Муҳаммад аз қавли табибон илова намуд, ки ҳарчанд саломатии Искадари Фирӯз беҳтар нашуда бошад ҳам, вале аз аввала дида ҳолати вазниншавии саломатияш ба назар намерасад. Яъне саломатии ин хабарнигор ҳамоно вахим боқӣ мондааст. Бояд зикр намуд Искандари Фирӯз, журналисти тоҷик шоми сешанбе, 9-уми октябр бар асари садамаи нақлиётие, ки дар хиёбони марказии Душанбе ба вуқӯъ пайваст, ҷароҳати вазнин бардошт. Баъди ин ҳодиса иттилоъ дода шуд, ки сабукрави тамғаи «Тайота Камрӣ»-и таҳти идораи Ҷавоншери Фирӯз (писари Искандар) бо мошини «Ландкрузер», таҳти идораи Аёмиддин Раҳмиддинови 22-сола бархӯрдааст. Шоҳидони ҳодиса иброз намудаанд, ки автомашинаи «Ландкрузер» дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт, дар наздикии «Боғи ҳайвонот» самти ҳаракаташро дигар карда, ба тарафи муқобил баромада, ба «Тойота Камрӣ» бархӯрдааст. Искандари Фирӯз, хабарнигори бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ дар натиҷаи ин зарба ҷароҳат бардошта, ҳар ду пояш аз се ҷо шикастааст, ҷигараш кафида, сараш низ зарб хӯрдааст.
Мӯҳр