Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт дар ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд соҳибкор Анвар Султонови 46 соларо боздошт кардаанд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, тафтишот муайян кардааст, ки Анвар Султонов бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкори дигар Икром Зиёеви 54 сола даромада аз ӯ 1 600 000 рубли русиро гирифта ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Феълан нисбати Анвар Султонов аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр