Бахшҳо

Иштироки Ҳамрохон Зарифӣ дар Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муҳовараи ҳамкории Осиё

Дирўз 14-уми октябри соли љорї дар пойтахти давлати Кувайт – шаҳри Кувайт Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муҳовараи ҳамкории Осиё (Asia Cooperation Dialogue) доир гашт, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ иштирок кард.

Вазири корҳои қайд намуд, ки кишварҳои минтақаи Осиё бояд ҷиҳати рушду вусъатёбии истеҳсоли энергияи таҷдидшаванда, таҳвили фанновариҳои навин дар ин соҳа ва таҳкими самаранокии истифодаи энергия талош намоянд. Дар мавриди ташаккули муколамаи байнидинӣ ва фарҳангӣ пешниҳод шуд, ки фаъолият ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баробари вусъатёбии ҳамгироии иқтисодӣ тақвият бахшида шаванд.

Дар нишасти вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи Эъломияи аввалин Саммити Муҳовараи ҳамкории Осиё мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муҳовараи ҳамкории Осиё соли 2002 таъсис ёфтааст ва то имрӯз ба он 32 кишвари минтақа шомил шудаанд. Ҳадафҳои зерин чун авлавиятҳои асосии фаъолияти Муҳовара муайян гардидаанд:

- пешбарии ҳамкориҳои мутақобилан муфид миёни кишварҳои аъзо ҷиҳати коҳиш додани камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум;

- вусъат бахшидан ба савдо ва бозори молиявӣ дар минтақа, таҳкими рақобатнокии иқтисоди кишварҳои минтақа дар бозори ҷаҳонӣ;

- мусоидат ба механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳо дар минтақа;

- мусоидат ба сулҳу субот ва ривоҷу равнақи мутақобила.

Дар ҳошияи Муҳовараи ҳамкории Осиё барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои зерин мавриди татбиқ қарор дода шудаанд: энергетика ва амнияти энергетикӣ, технологияҳои иттилотӣ, ташаккули бозори саҳмияҳо дар минтақа, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, туризм, рушди соҳибкории хурд ва миёна, муколамаи байнифарҳангӣ ва ғайра.

Маврид ба зикр аст, ки саммити аввалин Муҳовара аз ҷониби давлати Кувайт даъват шудааст ва аз 15 то 17 октябри 2012 дар шаҳри Кувайт доир мегардад. Дар ҷараёни ин чорабинии сатҳи баланд дастовардҳои анҷумани мазкур тайи даҳ соли ахир, самту равиши ҳамкорӣ миёни кишварҳои аъзои Муҳовара, масъалаҳои таъсис додани котиботу механизмҳои кории он муҳокима мешаванд. Инчунин роҳбарони кишварҳои аъзои Муҳовара дар мавриди роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба амнияти озуқаворӣ, дастрасии энергия, маориф, муколамаи байнифарҳангӣ, ҳамгироии иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи молия, коммуникатсия ва дигар мубодилаи афкор анҷом хоҳанд дод. Дар назар аст, ки дар аввалин Саммити Муҳовараи ҳамкории Осиё ҳайати расмии кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намояд, ки баъди он раёсати навбатии даврии Муҳовараро Тоҷикистон комилан ба ӯҳда мегирад ва дар давоми соли 2013 нишасти 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муҳовараи ҳамкории Осиёро дар шаҳри Душанбе даъват менамояд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)