Тафтишот нишон дод, ки номбурда ин миқдор маводи мухаддирро бо қасди фурӯш моҳи майи ҳамин сол аз шахси барои тафтишот ношинос бо номи “Алик” ба ивази 4 ҳазор доллари ИМА харида будааст. Додугирифти онҳо нисфирӯзӣ дар паси бинои баландошёнаи «Маҷмаъаи рӯзномаву маҷаллаҳо» баргузор шуд.
Гуфтанист, Талбонов маводро ҳатто ба хонааш набурд ва муддате онро дар зери девори бетонии истгоҳи шабонарӯзии воситаҳои нақлиёт воқеъ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт ва наздикии мактаби таҳсилоти ҳамагонии №39 пинҳон кард. Танҳо 15 август маводро аз он пинҳонгоҳ берун овард ва ба ханае, ки донишҷӯёни ҳамдеҳааш муваққатан истиқомат мекарданд, интиқол дод. Ҳангоме, ки донишҷӯён дар хона набуданд, онро дар дохили плитаи газ пинҳон сохт ва дар ҷустуҷӯи харидор ва ё воситаи интиқоли он афтод. Вале ҳанӯз ба мақсад норасида, аз ҷониби кормандони Агентӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |