Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи гузашта президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платиниро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, дар нишаст вазъи феълӣ ва дурнамои рушди футболи тоҷик ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ бо УЕФА ва созмонҳои вобаста ба футболи кишварҳои Аврупо баррасӣ шуд.Эмомалӣ Раҳмон аз рушди батадриҷи футбол дар Тоҷикистон ҳикоят карда, иҳори боварӣ намуд, ки дар ояндаи наздик ин намуди варзиш дар кишвари мо оммавияти боз ҳам бештар пайдо мекунад ва футболбозони тоҷик ба қуллаҳои баланди мусобиқоти бонуфузи он дастёб мешаванд.
Ҳамзаамон, доир ба бунёди иншооти муосири варзишӣ, тарғиби оммавияти тарзи ҳаёти солим, омодасозии футболбозони наврас, такмили ҳунари онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, ташкил намудани бозию мусобиқаҳои шавқовари минтақавӣ ва дигар роҳҳои рушди футбол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа сурат гирифт.
Мӯҳр