Президенти Венесуэла Уго Чавес барои дуввумин бор ба ҳайси президенти ин кишвар интихоб гардид.
Тибқи омори қаблӣ ва ба навиштаи хабаргузории «Reuters» , Чавес 54% овозҳои интихобкунандагонро соҳиб гашта, рақиби аслии ӯ Энрике Каприлес бошад, ҳамагӣ 45% ороро ба даст овардааст. Дар Каракас, пойтахти Венесуэла аллакай тарафдорони президенти кунунӣ пирӯзии пешщвояшонро ҷашн мегиранд.
Оҷонсиҳои хабарӣ менависанд, ки нтихоботи президентӣ дар Венесуэла бидуни ягон ҳодисаи номатлуб ва бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор шуд.
Маврид ба зикр аст, ки барои ширкат дар овоздиҳии ин интихобот беш аз 19 миллион нафар ба қайд гирифта шуда буданд.
Мӯҳр