Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон яке аз меъёрҳои асосии қабули кормандон ба ин ниҳоди давлатиро ном гирифт.
Абдуллоҳи Қодирӣ, сардори шӯъбаи робита бо ҷомеаи хадамоти мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки аз ин ба баъд яке аз талаботҳои асосии қабули кормандон ба хадамоти муҳоҷират донистани забонҳои хориҷӣ маҳсуб мегардад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин Сафиаллоҳ Девонаев имрӯз зимни як нишаст бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ супориш додааст, ки ҳангоми қабули кормандон ба хадамот дар баробари хуб донистани забони модарӣ, ҳамчунин забонҳои хориҷӣ, аз кабили русӣ, англисӣ, кореягӣ, хитойӣ, олмонӣ ва арабиро низ ба инобат бигиранд.
Мӯҳр