Воридоти мошин ба Тоҷикистон нисбат ба соли қабл ба маротиб зиёд шуда, ба ҳисоби масъулини гумрук танҳо дар ҳашт моҳи гузашта ба кишвар ҳудуди 27 ҳазор мошини сабукрав ворид гардидаст.
Тавре ба Озодагон аз Хадамоти гумрук хабар доданд, дар Тоҷикистон моҳе ба миқдори 20 миллион сомонӣ мошинҳои сабукраву боркаш хариду фурӯш мешавад. Асосан мошинҳои воридотӣ аз кишварҳои назди Балтика ва Аврупо хариду фурӯш шуда, нархашон аз ҳолат, тамға, масофаи гашт, соли барориш, ҳаҷми сарфи сӯзишворӣ, қуввати муҳаррик ва ғайра вобаста аст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, нархи мошин дар Тоҷикистон яке аз арзонтаринҳо дар минтақа буда, ба кишвар асосан мошинҳои арзишашон аз 2,5 то 3 ҳазор доллар ва аз он болотар ворид мегардад.
Мӯҳр