Сардори Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои тропикӣ ва гурӯҳи ИМА оид ба корҳои шаҳрвандӣ ва Хазинаи Растропович-Вишневский ба мактабҳои №141 ва №1-и шаҳри Ваҳдат бо ҳадафи коҳиш додани сатҳи умумии гелминтозҳо ташриф оварданд.
Дар ин бора ба Озодагон аз Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи сафорати ИМА иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, барномаи мазкур барои табобати занони синну соли репродуктивӣ ва кўдакони синни то 17-сола дар саросари Тоҷикистон равона шудааст.Марҳилаи якуми табобат дар моҳи апрел гузаронида шудааст, ки дар давраи он тамоми макотиби Тоҷикистон, қариб 1,7 миллион кӯдакон бо ду намуди доруворӣ-албендазол ва празиквантел таъмин гардиданд.
Гуфта мешавад, сабаби асосии ин беморӣ ифлосшавии сарчашмаҳои об, тоза набудани обҳои нӯшокӣ ва сатҳи пасти шароити санитарӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки барномаи зидди дегелминтозӣ як намунаи дигаре мебошад, ки аз омодагии ИМА дар беҳтар намудани ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Аз соли 1992 халқи ИМА зиёда аз 984 млн долларро ба он лоиҳаҳо ва кӯмаки гуманитарие, ки ба дастгирии институтҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон равона шудаанд, ҷудо намудааст.
Мӯҳр