Калонтарин корхонаи сементбарории минтақа бо маблағҳои бахши хусусии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ноҳияи Данғара сохта хоҳад шуд.
Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисоди сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистон аллакай дар ҳудуди ноҳияи Данғара барои сохтмони корхонаи сементбарорӣ замин ҷудо намуда, маъданҳои зарурӣ дар ихтиёри мутахассисони эронӣ гузошта шудаанд. Аббос Баёнӣ таъкид кард, ки корхона аз ҷониби бахши хусусии Эрон, - ширкати «Корвон- лион» сохта шуда, дар ду марҳила амалӣ хоҳад шуд. Дар паи анҷоми марҳилаи якум иқтидори корхона ба 900 ҳазор тонна семент дар як сол баробар хоҳад шуд. Дар натиҷаи анҷоми марҳилаи дуюм иқтидори корхона дучанд шуда то ба 1 миллиону 800 ҳазор тонна семент дар як сол афзоиш меёбад.
Талаботи солонаи Тоҷикистон ба семент бештар аз 2 миллион тонна арзёбӣ мегардад. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон айни ҳол дар кишвар 6 корхонаи сементбарорӣ, ки калонтаринашон «Тоҷиксемент» мебошад, фаъолият доранд.
Мӯҳр