Бахшҳо

Ҳамоиши сеюми «Чоргонаи зиддимухаддиротӣ» дар Душанбе баргузор мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи паймони «Чоргонаи зиддимухаддиротӣ» баргузор мешавад.

Дар кори ҷаласа роҳбарони идораҳои мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия ширкат мекунанд. Ин сеюмин ҳамоиши паймон аст. Ҷаласаи нахуст моҳи декабри соли 2010 дар Маскав ва ҳамоиши дуюм моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Кобул сурат пазируфта буд.

Баррасии тарҳи пешниҳодии «Харитаи роҳ» дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор хоҳад гирифт. «Харитаи роҳ» чор самти асосии ҳамкориҳо миёни чор кишвар: муқобилият ба таҳдидҳои мухаддиротӣ, ки аз қаламрави Афғонистон мерасад, пешгирии нашъамандӣ, чораҳои тиббӣ, офиятбахшӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар бар гирифтааст.


Ҳамчунин чораҳои аввалиндараҷаи муқобилият ба қочоқи воситаҳои нашъаовар ва прекурсорҳои онҳо тибқи нақшаи «Харитаи роҳ» низ дар ҳамин дидор мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон (АНМН) ба Озодагон гуфтанд, ки дар кори ҷаласаи паймони «Чоргонаи зиддимухаддиротӣ» Рустам Назаров, директори АНМН, Зарор Аҳмад, вазири мубориза бо маводи мухаддири ҶИА Муқбили Усмонӣ, Ҷовид Иқбол, котиби Вазорати мубориза бар зидди маводи мухаддири Покистон ва Виктор Иванов, директори Хадамоти федеролии назорати маводи мухадири Русия иштирок хоҳанд кард.

«Дар ҷамъбасти вохӯрӣ изҳороти муштараки роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Русия ба имзо мерасад»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)