Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Душанбе миқдоре аз маводи мухаддир забту мусодира гардид.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт дар ноҳияи Исмолӣ Сомонӣ Бобур Давлатови 25 сола, сокини кӯчаи Испечак дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои манбаъ аснои кофтукови шахсӣ аз борхалатаи ин нафар 1 килою 990 грамм маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан нисбати Бобур Давлатов парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома додрад.
Мӯҳр