Арзиши нон дар бозорҳои пойтахт тайи як соли ахир боло рафта, айни замон як донаи он ҳудуди 2 сомонӣ арзиш дорад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ин болоравӣ дар пайи афзоиши нархи гандум ва орд дар бозорҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст. Манбаъ таъкид кард, ки нархи як дона нон дар бозорҳои кишвар дар ҳамин давраи соли гузашта, яъне 19-уми сентябр 1 сомонию 45 дирам қимат дошт.
Ҳоло дар дӯконҳои нонфӯруши бозори «Деҳқон»-у «Саховат» у «Шоҳмансур»-у «Варзоб» як дона нон 2 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки болоравии нархи нон то ин замон 30 дарсадро ташкил дод.
Ёдрас менамоем, ки шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсати Вазорати корҳои дохила эълон карда, ки нисбати тоҷироне ки беасос нархро баланд мебардоранд ва бе ҳуҷҷати лозима фаъолият мекунанд, парванда боз мекунад.
Мӯҳр