Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт бо ҷурми авбошӣ як наврасро боздошт кардаанд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, Хуршед Азизови 16 сола ва Фирдавс Назарови 17 сола, сокинони кӯчаи Зарафшон 14-уми сентябр дар маҳаллаи 82-юми пойтахт тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, Парвиз Воҳидови 18 сола, сокини кӯчаи Испечакро бидуни асос лату кӯб кардаанд: «Онҳо бо корд як маротибагӣ ба пои чап ва рости ҷабрдида мезананд. Дар натиҷа Парвиз Воҳидов ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст».
Тавре манбаъ иттилоъ дод, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар пайи як амалиёт Хуршед Азизовро дастгир кардаанд. Ҳоло чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои дастгир кардани Фирдавс Назаров идома дорад.
Мӯҳр