Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бохтар бо ҷурми қаллобӣ як зани 29 соларо боздошт кардаанд.
Тавре Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД ба Озодагон гуфт, тибқи муроҷиати Хуршед Қузиев, сокини 25 солаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Шарора, моҳи июни соли 2012 Зарина Тоирова, сокини деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Бохтар, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллар гирифтаву то ҳол барнагардонидааст.
«Маълум гардид, ки Зарина Тоирова ҳамчунин моҳи феврали соли 2012 аз Зафарҷон Мамадҷонов низ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст»,-афзуд манбаъ.
Аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти он идома дорад.
Мӯҳр