Тибқи мониторинги Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон танҳо тайи 10 рӯзи охир дар пойтахти кишвар нархи як килло гӯшти гов 8,1 фоиз ва гӯшти гусфанд 7,4 дар сад қиммат шуда, мувофиқан 33 ва 34 сомониро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи хабарҳои оморӣ давоми 7 моҳи аввал дар кишвар истеҳсоли гӯшт 6 фисад зиёд шуда, 67 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Шумораи чорвои калони шохдор дар кишвар 87 ҳазор сар афзоиш ёфта, дар ҳамаи намуди хоҷагиҳо 2 миллион сарро ташкил додааст.
Зиёда аз 92 фоизи ҳайвони калони шохдор ба аҳолӣ тааллуқ дорад. Саршумори бузу гӯсфанд дар кишвар тайи 7 моҳи аввал 202 ҳазор сар афзоиш ёфтаст.
Тибқи қонунҳои бозор афзоиши пешниҳод бояд нархҳоро паст кунад, ки дар бозори гӯшти Тоҷикистон сурат нагирифта истодааст.
Мӯҳр