Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт як гуруҳ ҷавононро бо ҷурми авбошӣ дастгир карданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар пайи амалиёти мазкур Орзу Ғаниев, Умар Боқиев ва Фарҳод Насимов, сокинони кӯчаи Пушкини шаҳри Душанбе боздошт шудаанд. Манбаъ афзуд, ин нафарон бо маслиҳати пешакӣ дар санаи 1-уми сентябри соли равон соати 09:00 дақиқа дар назди бинои Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», воқеъ дар кӯчаи Бухоро, Имрон Абдуназари 17 сола, сокини кӯчаи Бухороро лату кӯб намудаанд.
«Ҳоло нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр