Давоми як соли охир дар Тоҷикистон нархи картошка дар бозорҳои кишвар бештар аз 42 дар сад қиммат шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ феълан ба ҳисоби миёна як кило картошка ба маблағи 2 сомонию 58 дирам фурӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар охирҳои моҳи июни соли равон як кило картошкаро аз нуқтаҳои савдо бо арзиши 2 сомоню 20 дирам харидан мумкин буд.
«Нархи аз ҳама арзони картошка дар бозори «Саховат» мушоҳида шуд. Як килои он ба маблағи 2 сомонию 50 дирам фӯрухта мешавад. Дар дӯконҳои картошафӯрушии бозорҳои «Шоҳмансур», «Деҳқон»-у «Варзоб» бошад, як кило картошака 2 сомонию 60 дирам нархгузорӣ шудааст»,-афзуд.
Мӯҳр