Барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо ҳукумати ин минтақа бо қарори Қоҳир Расулзода Ситоди «Ҳосил-2012» ташкил ёфт.
Дар иртибот ба ин, раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят вазифадор карда шудаанд, ки ситодҳои маҳаллии «Ҳосил-2012»-ро таъсис дода, фаъолияти босамари онҳоро ба роҳ монанд. Ҳамчунин, Сарраёсати кишоварзии вилоят дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилоят шартҳои мусобиқаи меҳнатиро байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор то 15 сентябри соли 2012 муайян намоянд.
Ҳамзамон, ба Сарраёсати вилоят супориш шудааст, ки барои ҳавасманд гардонидани иштирокчиёни ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ санаи 1 октябр сурат гирифта, давраҳои минбаъдаи он ҳар 20 рӯз ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази шаҳру ноҳияҳои пахтакор «Парчами шараф» барафрохта шавад.
Мӯҳр