«Инкишофи қонунгузории замин ва масоили ҳуқуқии он». Таҳти чунин унвон 24-уми августи соли равон дар Маркази миллии қонунгузории назди президенти кишвар мизи мудаввар баргузор мешавад.
Тавре аз Маркази миллии қонунгузорӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории ин ҳамоиш, ҷалби мутахассисони варзида ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳими инкишофи қонунгузории замин мебошад. Дар назар аст, дар мизи гирд мутахассисони соҳаи ҳуқуқи аграрӣ, аз ҷумла намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва кормандони илмию тадқиқотӣ ширкат хоҳанд кард. Дар ҳамоиш масоили қонунгузории замин вобаста ба мерос, такмили қонунгузории замин, омили рушд ва инкишофи соҳаи кишоварзӣ, проблемаҳои қонунгузории истифодаи қаъри замин ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ гардад.
Мӯҳр