13-уми августро аксар кишварҳои ҷаҳон ба унвони «Рӯзи чапдастон» таҷлил мекунанд.
Бори нахуст, 13-уми августи соли 1992 «Клуби Бритониё» рӯзи умумиҷаҳонии чапдастонро ҷашн гирифт. Тибқи омори расмӣ 10%-и аҳолии кураи заминро нафароне ташкил медиҳад, ки асосан бо дасти чап корҳои худро ба анҷом мерасонанд.
Дар ИМА дар ин рӯз барои чапдастон асбобҳои махсуси мусиқӣ, компютер ва дигар таҷҳизоти лозимӣ тақдим мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон аз ин сана ҷашн намегиранд ва омори дақиқе ҳам дар мавриди теъдоди чапдастон мавҷуд нест.
Мӯҳр