Дар Мазори Шарифи Афғонистон ва Истамбули Туркиё Консулҳои кулли Тоҷикистон таъин шуданд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати умумри хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад. Бино ба иттилои сарчашма бо фармони вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Хамрохон Зарифӣ Илҳом Абдураҳмонов консули кулл дар Истамбул ва Ҷамшед Бобоев консули кулл дар Мазори Шариф таъин гардиданд.
То ин замон Илхом Абдурахмонов вазифаи сардории раёсати молия ва Ҷамшед Бобоев сардории Раёсати кори Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистонро ба ӯҳда доштанд.
Гуфта мешавад, Консулони кулл рӯзҳои наздик ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ хоҳанд кард.
Мӯҳр