Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ҳисор ронандаи 24 сола ҷони худро аз даст дод.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, сарнишини сабукрави «Опел-Астра» Амриддин Қобилови 24 сола, сокини деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Ҳисор ҳангоми ҳаракат ба самти маркази ноҳия аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес», зери идораи Парвиз Шарипови 27 сола, сокини деҳаи Чанор, бармехӯрад. Дар натиҷа ронандаи Амриддин Қобилов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат мерасад.
Мӯҳр