Як халта орд дар бозорҳои пойтахт аз аввали моҳи равон то имрӯз зиёда аз сӣ дарсад қиммат шуда, феълан аз рӯи маълумоти расмӣ ба ҳисоби миёна аз 130 то 135 сомонӣ арзиш дорад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, айни ҳол бояд нархи миёнаи як халта орд дар кишвар 110 сомониро ташкил кунад, аммо дар бозорҳои кишвар ин нишондод зиёда аз 130 сомонӣ мебошад.
Манбаъ таъкид кард, ки нархи як халта орд дар ҳамин давраи соли гузашта, яъне 29-июл 99 сомонию 75 дирам қиммат дошт. Ҳоло аз ҳама орди арзон дар дӯконҳои ордфӯрушии бозори «Деҳқон» ба назар мерасад, ки он 130 сомон ба фӯруш гузошта шудааст. Ин нишондод дар нуқтаҳои ордфӯрушии бозори «Саховат» ва «Шоҳмансур» ба 132 сомонӣ баробар мебошад. Аз ҳама нархи гарон дар бозори Варзоб мушоҳида карда шуд, ки як халта орд дар ин бозор 135 сомонӣ аст.
Ёдрас менамоем, ҳукумати шаҳри Душанбе ба тоҷирону фурӯшандагони пойтахт дастур дода буд, ки орд аз 110 сомонӣ зиёд фурӯхта нашавад, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд , ки дар дӯконҳои ордфӯрушӣ арзиши орд аз 135 то 147 сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр