Мухтор Олтинбоев, вакили порлумони Қазоқистон гуфтааст, Кумитаи оид ба муносиботи байналхалқӣ, дифоъ ва амният дар хусуси лағви пурраи чунин як лоиҳаи қонун ва бозпас гардонидани он ба маҷлиси поёнии порлумон таклиф пешниҳод кардааст.
Мухтор Олтинбоев ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки мутобиқ ба Сарқонуни ин кишвар қарор дар чунин мавзӯҳои ҳассос дар маҷлиси якҷояи ҳарду палатаи порлумон қабул хоҳад гашт.
Дар ҳамин ҳол маҷлиси поёнии порлумони ин кишвар дар санаи 18 майи соли 2011 мувофиқатномаи НАТО-ро оиди ширкати Остона дар эътилофи байналхалқӣ дар Афғонистон маъқул дониста, барои фиристодани 4 афсари баландрутбаи Қазоқистон ба ситоди байналхалқии коалитсия ризоият дода буд.
Баъди баррасии ин мавзӯъ аз сӯи «Толибон» таҳдидҳое болои Остона сурат гирифтанд, ки дар он ба лаҳни тунд «оқибатҳои фоҷиабор»-и имзои ин мувофиқатнома таъкид мегашт.
Ҳамчунин чанд созмони ҷамъиятӣ, бахусус созмони «Ҷанговарони башардӯсти Афғонистон» бо нишони эътироз аз чунин тасмими маҷлиси поёнии порлумон ба ҷамъоварии имзоҳо дар хусуси пароканда кардани ҳайати пурраи маҷлис шурӯъ кардаанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |