Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон шурӯ аз аввали имсол то кунун ба қаламрави ҷумҳурӣ 23 ҳазор мошини сабукрав ворид шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 шаш ҳазор мошин бештар аст. Хадамоти гумрук мегӯяд, дар 5 соли ахир бошад, ба қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 274 ҳазор мошин ворид шудааст. Бештари ин воситаҳои нақлиёт аз Русия ва Дубай оварда шудаанд. Манбаъ афзуд, шумораи зиёди мошинҳое, ки дар панҷ соли ахир ба қаламрави кишвар оварда шудаанд, ба соли 2008 рост меояд: «Соли 2008-ум ба Тоҷикистон 95 ҳазор мошин ворид шуд. Соли 2007 ин рақам 70 ҳазор, соли 2009 38 ҳазор, соли 2010 37 ҳазор ва соли 2011 ҳамагӣ 34 ҳазор. Дар шаш моҳи имсол 23 ҳазор мошин марзи Тоҷикистонро гузашт».
Мӯҳр