Анвар Юнусов, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба бокс дар даври 1/8 ниҳоии олимпии Лондон, дар вазни то 56 кило бо Оскар Валдеси мексикоӣ ба ринг баромада, комёб нашуд.
Ӯ аз рақиби худ аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 7:13 шикаст хӯрда, аз идомаи қувваозмоиҳо дар олимпиадаи мазкур маҳрум шуд. Оскар Валдеси мексикоӣ бошад, ба даври 1/4-ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ёдрас менамоем, ки дирӯз, Парвиз Собиров низ, ки дар даври 1/16-ниҳоӣ дар вазни то 91 кило бо Мелони Робертои итолиёвӣ қувваозмоӣ намуд, мағлуб шуда аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум шуд. То имрӯз шаш варзишгари тоҷик дар чорабиниҳои варзишӣ дар Бозиҳои ХХХ-юми олимпии Лондон-2012, ҳунарнамоӣ карданд, ки мутаасифона ягон нишони ин мусобиқотро ба даст наоварданд.
Дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишӣ дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012, фардо, 3-юми август ду варзишгари дигари тоҷик, Дилшод Назаров аз рӯи намуди гурзпартоӣ ва Владислава Овчаренко дар намуди давидан ҳунари худро нишон хоҳанд дод.
Мӯҳр