Рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон сафирони кишварҳои Фаронса, Британияи Кабир, Олмон, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо, кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кордори муваққатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, дар нишаст доир ба вазъи кунунии шаҳри Хоруғ ва роҳҳои ҳалли қазияи бамиёномада гуфтугӯ сурат гирифт. Президент изҳор дошт, ки ҳадафи амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷиноятпеша, пеш аз ҳама қотилони сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулло Назаров мебошад.
Гуфтанист, дар робита ба ин ахбори прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров шунида шуд.
Дар мавриди амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хоруғ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дошт: «Тамоми чораҳо андешида мешаванд, то ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ силоҳ бар замин гузоранд ва ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ итоат намоянд».
Дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ дар навбати худ изҳор доштанд, ки онҳо зарурати гузаронидани амалиёти зидди гурӯҳҳои ҷиноятиро хуб мефаҳманд ва изҳори умед карданд, ки амну оромии аҳолии осоишта таъмин карда хоҳад шуд ва тафтишоти аъмоли нафарони дастгиршуда мунсифона ва бо риояи қонунҳои миллию байналмилалӣ сурат мегирад.
Мӯҳр