Шаби гузашта 1280 шаҳрванди Сурия марзи Туркияро гузашта дар музофоти Хатай, воқеъ дар ҷануби ин кишвар қарор гирифтаанд.
Тибқи хабарҳои расида миёни ин фирориён чанд афсари артиши Сурия ҳам ҳаст. Феълан, теъдоди генералҳои фирории Сурия, ки дар Туркия қарор доранд ба 18 мерасад.
Ба иттилои расонаҳо имрӯз дар қисмати ҷанубу шарқи Туркия дар урдугоҳи гурезаҳои Онҷупинар бар асари норасоии оби ошомиданӣ бетартибиҳо оғоз шудааст. Бар асари он чор шаҳрванди Сурия, чор пулиси турк ва роҳбари урдугоҳ ҷароҳат бардоштаанд. Даҳҳо нафар боздошт шуда, ба лагер муҳофизони иловагӣ фиристода мешавад.
Мӯҳр