Роҳбари ҳайати вакилони парлумони ИА рӯзи гузашта дар ҳузури хабарнигорон дар ин бора иброз дошт.
Номбурда пас аз мулоқоташон бо райисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ин нишаст мо мавзӯи мавқеи геополитикии Тоҷикистон дар минтақаро мавриди муҳокима қарор додем.
Ба қавли Стивенсон, азбаски Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари муҳим маҳсуб меёбад ва он бо якчанд кишвар, аз қабили Афғонистону Покистон ҳамҷаворӣ дорад, мо дар ин мулоқот роҷеъ ба саҳми Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа низ гуфта гузаштем: «Дар самти пешгирии ҳар гуна чолишу хатарҳо, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб мавқеи муҳим дорад».
Струан Стивенсон афзуд, ки ҳар вақт зимни сафарҳоям ба Душанбе аз НОБ-и Роғун дидан мекунам ва ин дафъа низ бо даст додани фурсати муносиб ба он минтақа рафтаниам.
Мӯҳр