Имсол тартиби омода ва супоридани ҳуҷҷатҳои хатми мактабро мураккабтар кардем, то ҳодисаи хариду фурӯши ғайриқонунии он ба миён наояд.
Дар ин бора Нуриддин Саидов, вазири маориф имрӯз зимни як нишасти матбуотии созмонёфта иброз дошт.Ба қавли ӯ, соли гузашта беш аз 2000 номаи камол ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон дода шудааст.
Саидов афзуд, аз рӯи тартиби ҷорӣ намуда, аввалан фармони хатмкунандагони ҳар як мактаб дар шӯъбаи маорифи ноҳия гирдоварӣ шуда, баъдан бо дархости мудири шӯъба вазорати маориф ба хатмкунанда бо серия (рақами силсилавӣ)-и махсус номаи камол пешниҳод мекунад.
Мавсуф гуфт, соли равон аз ҳамаи шӯъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ номаҳои камоли зиёдатӣ (изофӣ)-и боқимондаро ҷамъ намудем: «Ин корро мо ба он хотир кардем, ки пеши роҳи таққалубкорӣ гирифта шавад. Онҳое, ки аз имтиҳони хатм меафтанд, дар ин ҳол номаи камоли ба онҳо пешбинишуда ба вазорат бозпас супорида мешавад».
-Дар ҳоли ҳозир мушкили техникии чопи аттестатҳо ҳал шуда, тамоми минтақаҳо бо номаи камол таъмин шудаанд,-афзуд вазир.
Маврид ба ёдоварист, мӯҳлати қабули довталабон низ ба донишгоҳу донишкадаҳо тамдид шуда, ин маърака то 10-уми август идома меёбад.
Мӯҳр