Анҷумани сафирони Душанбе ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор кӯмак кард.
Амҷад Ҳусейн, сафири Покистон гуфт зимни расми тақдими кӯмакҳо гуфт: «Мо инҷо аз номи Анҷумани сафирони Душанбе омадем. Дар таърихи Тоҷикистон ин бори аввал аст, ки Анҷумани сафирони Душанбе ҷашнвораи байналмилалии ғизоро ташкил кардаанд. Мақсади баргузории фестивал ҷамъ овардани як миқдор маблағ ва расондани ёрӣ ба кӯдакони ниёзманд буд».
Ҷаноби сафир афзуд, бисёр намояндаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ саховатмандона ба ҷашнвораи байналхалқӣ, ки аз ҷониби Анҷумани сафирон ташкил шудааст, ширкат варзиданд. -Бо маслиҳати ҳукумати Тоҷикистон ва инчунин бо ташаббуси фонди хайриявии Тоҷикистон ба мо номгӯи мактабҳои ниёзманд дода шуд, ки аз миёни онҳо мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисорро интихоб кардем. Мо барои кӯдакони сустбин ва нобинои ин мактаб-интернат варақаҳо барои чопи китоб, дафтару ручка, кондитсионер ва баъзе мошинаҳои чопи китоб овардем, то барои онҳо китоб чоп шавад ва кӯдакон баҳра баранд,-қайд намуд сафири Покистон.
Мӯҳр