Аз шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 145 килову 604 грам маводи нашъовар кашф ва мусодира шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин рақам нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 137 кило камтар мебошад: «Дар 6 моҳи соли 2011 аз гардиши ғайриконунӣ зиёда аз 282 кило маводи мухаддир мусодира шуда буд».
Аз 145 кг. 604 гр. маводи нашъадори мусодирашуда 22 килоаш маводи сахттаъсири ҳероин, 113 кг. гурӯҳи бангдона ва 9 килои дигар афъюн будааст. Сарчашмаи хабар афзуд, ки аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 109 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201,204 ва 206 (Муомилоти ғайриконуии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр