Субҳи имрӯз 5- уми июл дар корхонаи ҶДММ «Омега», воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт таркиш ба вуқӯъ омад.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ин таркиш боиси ташвишу изтироби сокинони ин маҳалла гардид.
Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш оинаҳои ҳуҷраи посбонӣ шикаста, ба касе зарари ҷисмонӣ нарасидааст. Дар рафти тафтиш маълум карда шуд, ки бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва дар натиҷаи муносибати хунукназарона бо таҷҳизоти барқӣ дастгоҳи обгармкунии худсоз бе об монда, сабаби рух додани таркиш гардидааст. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқию газӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ ва муносибати дуруст намудан бо онҳоро фаромӯш накунанд,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр