Бархе аз хатмкунандагони имсолаи макотиби Тоҷикистон то ҳанӯз номаи камол, ё ба истилоҳ «аттестат» нагирифтаанд.
Аз ин рӯ онҳо наметавонанд ҳуҷҷатҳояшонро ба донишгоҳу донишкадаҳо бидуни санади хатм супоранд. Маҳмудхон Шоев, котиби матбуотии вазорати маориф ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон тайид карда афзуд, ки воқеъан ин мушкил вуҷуд дорад, вазорат шаҳодатномаҳои дар ихтиёраш бударо миёни макотиб тақсим кард.
Манбаъ мегӯяд, ин мушкил мушкили техникӣ буда, айни замон фармоиш шудааст ва рӯзҳои наздик ҳамаи хатмкунандагон бо шаҳодатнома таъмин мегардад.
Маврид ба ёдоварист, дар 3741 муассисаҳои рӯзонаи таълимии умумӣ 101.084 нафар хатмкунандаи синфи 11 (аз ин миқдор 41.854 нафарашон духтарон) мактабҳои таҳсилоти умумиро хатм намуданд. Аз хонандагони синфи 9-и имсола бошад, 151.154 нафар аз он ҷумла 70.287 духтарон муассисаҳои рӯзонаи таълимии умумиро хатм намуданд.
Мӯҳр