Дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар аз тими Қувайт бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Ин бозии даври севвуми гурӯҳи “С”буда, имрӯз, 28-уми июн, дар варзишгоҳи «Ҳанг Туах»-и шаҳри Малаккаи Малайзия доир шуд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими Баҳрайн бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардида, дар сабқати дуюмаш бар мунтахаби Малдив бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд. Рӯзи 1-уми июл, дар даври чоруми сабқати гурӯҳи “С” Эрон бо Тоҷикистон, Малдив бо Баҳрайн ва Қатар бо Кувайт рақобат хоҳанд кард.
Дар бозии дигари даври севвуми мусобиқа дар гурӯҳи “С” Эрон бар Малдив бо ҳисоби бузурги 7:0 ғолиб омад. Бозии охирини даври сеавум дар ин гурӯҳ бегоҳи имрӯз миёни дастаҳои Баҳрайн ва Қатар барпо мегардад.
Феълан, дар гурӯҳи “С” мунтахаби Эрон бо 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал қарор дорад. Кувайт бо 6 имтиёз мақоми дуюмро касб кардааст. Дастаҳои Қатар, Баҳрайн ва Тоҷикистон 3 имтиёзӣ доранд, тими Малдив бидуни хол дар поини ҷадвал қарор дорад.
Мӯҳр