Зимни амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Шӯрообод пинҳонгоҳи қоҷоқчиёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ошкор гардид.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронии мавзеъи Деволбарси ин минтақа, аз махфигоҳи вижа 1 адад найзакорди бе рақам (штикнож) 20 адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори «бангдона» буд, дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни ташхис муайян карда шуд, ки вазни холиси маводи нашъадор 418 килою 980 граммро ташкил медиҳад.
Мӯҳр