Раёсати назорат бар маводди муаддир дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки дар зарфи як ҳафтаи охир дар манотиқи марзии ин минтақа аз қочоқчиён ҳудуди 400 килограм маводди мухаддир кашф ва мусодира шудааст.
Саидмурод Худойбердиев, масъули бахши Агентии назорат бар маводди мухаддир дар шаҳри Қурғонтеппа зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд.
Манбаъ афзуд, дар ҷараёни яке аз амалиётҳои боздошт дар деҳаи Комсомоли ноҳияи Ҳамадонӣ гурўҳи ҳадди ақал панҷнафарии шаҳрвандони Афғонистон боздошт шудааст.
Аз сӯйи дигар, рўзи 10 июн дар ҷараёни амалиёте дигар байни кормандони вазорати корҳои дохила ва гурӯҳи қочоқчиён дар ноҳияи Шӯрообод даргирии мусаллаҳона сурат гирифт.Қочоқчиён дар ин ҳодиса дар мавзеъи "Деволбарс"-и ноҳияи Шӯрообод аз ҷойи ходиса фирор кардаанд. Аз маҳалли ҳодиса аслиҳа ва беш аз 100 килограм маводди мухаддири навъи бангдона кашфу мусодира шудааст.
Мӯҳр