Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ ба Аврупо сафар кард.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, зимни ин сафар сардори давлат аз ҷамоҳири Фаронса, Австрия, Люксембург ва Маҷористон дидан мекунад. Гуфта мешавад, дар ин сафар президенти Тоҷикистонро вазири умури хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии райисҷумҳур оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ҳамроҳӣ мекунанд.
Мӯҳр