Шоми дирӯз, 7-уми июн Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти сарварии хонум Марша МакГро Олив, намояндаи доимии ин ниҳоди байналмилалии молӣ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе ба Озодагон гуфт, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти чораҳо оид ба тадбиқи марҳилаи дуюми Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанберо, ки тӯли панҷ сол азхудкунии 16 миллион доллар гранти бебозгашти Бонки ҷаҳонӣ ва 3 миллион доллар маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифта, он хизматрасонии қарзии Вазорати молияро дар ин самт ихтисор менамояд, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷараёни корҳои анҷомгирифтаи лоиҳавиро мусбат арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки марҳилаи дуюми Лоиҳа баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба 76, 5 ҳазор муштарӣ (47%) насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхонаро дар бар мегирад, масъалаи бо ҷалби институтҳои донорӣ ва саҳмгузории шаҳрдорӣ дарёфти манбаъҳои иловагӣ оид ба насби саросарии ҳисобкунакҳои обӣ ба кулли муштариён ва ба пуррагӣ иваз намудани филтрҳои обполоишӣ дар истигоҳҳои дахлдори КВД «Обу корези Душанбе» ва ҷоннок намудани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни муштариён тавассути ВАО мувофиқ ба мақсад мебошад.
«Дар робита ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев аз масъулини Бонки ҷаҳонӣ бо дарназардошти он ки ин тадбирҳои иловагӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолии сокинони шаҳр нигаронида шудааст, хоҳиш кард, ки масъалаи мазкурро мавриди пажӯҳиш қарор дода, ҷиҳати амалисозии он пешниҳодоташонро ирсол доранд»,-афзуд сухангӯи раиси шаҳри Душанбе.
Мӯҳр