Бахшҳо

АНМН маркази кинологӣ боз кард

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон бо дастгирии барномаи Иттиҳоди Аврупо «БОМКА» Маркази таълимии кинологӣ ифтитоҳ шуд.

Тавре ба Озодагон аз ин ниҳод хабар доданд, таъсиси Маркази таълимии кинологӣ барои тайёр кардани кинологҳо, зиёд кардан ва омода намудани сагҳои хизматии кинологӣ оид ба ёфтани мухаддирот, барои баланд гардидани самаранокии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ҳам Агентӣ, инчунин дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон имконият медиҳад.
Рустам Назаров, директори агентӣ зимни суханронӣ дар расми кушодашавии марказ гуфт, дар оянда таъсиси Маркази таълимии махсусгардонидашуда ба нақша гирифта шудааст, ки дар он тайёр кардани на танҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, балки кормандони зидди мухаддиротии Афғонистон низ имконияти таълим гирифтан пайдо менамоянд.
Ёдовар мешавем, моҳи октябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии «Идораи сарҳадот ва назорат аз болои мухаддирот дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он оид ба таъсиси Маркази таълимии кинологӣ барои тайёр кардани мутахассисон-кинологҳо на танҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, балки барои мақомотҳои дахлдори ҷумҳурии исломии Афғонистон қарор қабул карда шуд. Бо ин мақсад соли 2010  бо дастгирии барномаи Иттиҳоди Аврупо «БОМКА» дар базаи хадамоти кинологии агентӣ сохтмони бинои маъмурии Маркази таълимӣ оғоз шуд. Соли 2011 корҳои сохтмонии синфхонаҳои таълимӣ, хобгоҳ барои шунавандагон, ошхона, китобхона, толори варзишӣ, инчунин биноҳо барои  нигоҳ доштан, дарс, омӯзиш додан ва зиёд кардани сагҳои хизматии кофтуковӣ ба охир расиданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)