Бахшҳо
29 май 2012 05:08Хабарҳои ҷаҳон

Футболбозро барои нахондани суруди миллӣ аз тими миллӣ ронданд

Синиша Михайлович, сармураббии тими миллии Сербия оид ба футбол Адем Ляичро барои саркашӣ аз қироати суруди миллӣ қабл аз дидори рафиқона бо мунтахаби Испания аз яккачини кишвараш ронд. Ин бозӣ 26-уми май баргузор шуда, бо ҳисоби 0:2 поён ёфт.

Синиша Михайлович аз 21-уми майи соли 2012 мунтахаби Сербияро роҳбарӣ мекунад. Ӯ аз бозингарон талаб кард, ки «қарордод оид ба рафтор»-ро имзо намоянд. Тибқи яке аз бандҳои ин шартнома бозингар муваззаф аст, ки гимни миллиро қироат намояд.
Баъди бозӣ бо Испания Михайлович бо Ляич мулоқот доштааст. Бозингар гуфтааст, бо сабабҳои шахсӣ суруди миллиро иҷро накард. Тибқи иттилои расонаҳо Ляич боснитабори этникӣ аст. Ӯ гуфтааст дар оянда низ қасди хондани гимнро надорад. Баъди ин сармуррабӣ ӯро аз тими миллӣ рухсат медиҳад. Зимнан, дар иттилоияи Иттиҳоди футболи Сербия омадааст, агар дар оянда Ляич розӣ шавад, ки суруди миллиро қироат кунад, ӯро ба даста даъват хоҳанд кард.
Ин аввалин қазияи пур сару садо бо ширкати Адем Ляич дар соли равон нест. Ӯ, ки нимҳимоятгари клуби «Фиорентин»-и Италия аст, дар оғози моҳи ҷорӣ зимни ҷараёни сабқати қаҳрамонии Италия вақте «Фиорентин» бо «Новар» бозӣ мекард, бо сармурабии клубаш Делио Росси даст ба гиребон шуд. Ляич аз ду бозӣ маҳрум гардид, вале сармураббиро аз мақомаш барканор карданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)